Имрӯз саёҳати ҳавоӣ дар Украина дар манзараи фазои собиқшӯравӣ, ки дар он замон тавассути ҳавопаймои хусусӣ парвоз карданро фақат директорони  коргоҳҳои бузург ба худ раво медонистанд, то бора хизматрасонии машҳур мегардад. Дигарон – коргарону муҳандисони оддӣ ва оилаҳои онҳо мусофирони одатии Аэрофлот буданд. Дигар алтернатива дар он давра вуҷуд надошт.

Бо фарорасии солҳои 90-ум корхонаҳои хусусӣ инкишоф ёфтанд, ки соҳибмулкони онҳо аввалин шахсоне буданд, ки ҳавопаймои хусусиро дар Украина ба иҷора гирифта тавонистаанд. Гуфтан мумкин, ки инкишофи бизнес дар  ин кишвар бевосита бо тараққиёти авиатсияи тиҷоратӣ вобастагӣ дорад.

Дар замони мо интиқоли ҳавоии гражданӣ дар Украина мавриди пешрафт қарор дорад ва парвозҳо тавассути ҷети хусусӣ ба чашми ҷомеаи украинӣ чун хизматрасонии баргузидагон дигар намерасад. Тариқи ҳавопаймои шахсӣ акнун ҳама парвоз мекунанд: аксаран, мисли пештара, мансабдорон, сиёсатмадорон, камтар – ситораҳо, аммо, одамони қатории дорои даромади миёна низ дар ҷумлаи онҳо.

Афзалиятҳо барои мизоҷони бизнес-авиатсия дар Украина

Брокери авиатсионии эксклюзивӣ дар қаламрави Украина, Аврупо ва тамоми ҷаҳон Aviav TM (Cofrance SARL) омори бомуваффақияти бизнес-интиқолро дар ин кишвар тасдиқ мекунад, ки дар ин диёр ширкат сол ба сол шумораи то бора зиёди мизоҷони ризошударо пайдо менамояд.

Ба иҷора гирифтан ё харидани бизнес-ҷет дар Украина фооидаовар аст, зеро:

  • Парвозҳои хусусӣ вақтро назаррас сарфа менамоянд. Ҳам дар фурудгоҳ дар болои замин, ки дар он вақт пешакӣ омадан бо мақсади гузаштани проседураҳои дурударози бақайдгирӣ лозим нест, ҳам дар болои ҳаво – дар вақте, ки шумо ҳуқуқ доред, ки вобаста аз навъи ҳавопаймои хусусӣ, баландии муқарраршуда, хатсайр ва суръати парвозро интихоб намоед.
  • Саёҳат тавассути бизнес-ҷет доимо дар шароити бароҳат мегузарад. Боҳаловатӣ ва афзалиятҳои ниҳоӣ – ана инро бешубҳа шахсони соҳибкоре, ки бо суръати баланд зиндагӣ мекунанд ва аксарият масъалаҳоро дар ҳолати «даводавӣ» ҳалу фасл менамоянд, пеш аз ҳама қадр мекунанд. Як чанд соатҳои оромона дар канори бизнес-ҷет барои онҳо наҷотии аслӣ шуда метавонанд. Курсиҳои қулай, таомҳо аз тарабхонаи дилписанд, ходимони ҳавопаймои хушмуомила ва қадаҳи шампан – ҷиҳатҳои ҷудонашавандаи саёҳати «ҳавоӣ» мебошанд.
  • Хизматрасониҳои иловагӣ. Барои он касоне, ки худро аз чизе маҳрум намесозанд, ҳавопаймои хусусӣ – варианти беҳтарин аст. Дар вуҷуди хоҳиш, ба канори ҳавопаймои хусусӣ ҳамроҳии кейтерингиро фармоиш додан мумкин. Масъалан, дар болои ҳаво машварати таъҷилиро дар ҳайати як чанд ҳамкорон ташкил намудан лозим, ки иштирокчиёнро бо як қаҳва ва будерброд бо тухми сурхи моҳӣ меҳмондорӣ кардан мумкин аст. Ба ғайр аз ин, баъзе комплектаксияҳои киштиҳои ҳавоии хусусӣ ҷойгир кардани кати аслиро имконият медиҳанд, ки он ҷиҳати сер шудан аз хоб дар вақти парвоз мусоидат мекунад. Дар ҷаҳони муосир хоб дефицити воқеъӣ гаштааст, ки дар сурати парвоз тавассути рейси ҷамъиятӣ онро гирифтан хеле душвор мебошад.

Мушкилиҳо ва пешгӯиҳо

Ҳамин тавр, имрӯз бо итминон қайд намудан мумкин, ки ҳавопаймои хусусӣ дар Украина на фақат ба офис, хобхонаи ҳавоӣ, балки ба чунин ҷое табдил ёфтааст, ки дар он худро дар бароҳатии кул ва «баландии» аслӣ эҳсос намуда метавонед. Бизнес-авиатсия шумораи то бора зиёди ҳаводоронро пайдо менамояд, вале мансабдорон сол аз сол барпо додани шароитҳои нисбатан бароҳатро барои соҳа– минҷумла, нав кардани парки киштиҳои ҳавоӣ, бунёд кардани инфросохтори иловагӣ дар фурудгоҳҳо ва сохтани майдончаҳои чархболӣ амалан дар ҳар як ҷои холӣ ваъда медиҳанду халос. Чунин ваъдаҳоро, масъалан, бо дилпурӣ дар арафаи чемпионати ҷаҳон оид ба футбол Евро-2012 дода буданд. Аммо бисёри онҳо дар сухан боқӣ монданд ва бо бизнеси авиатсионӣ дар Украина машғул шудан то ба ҳол душвор аст ва инфросохтор беҳтаргардонии назаррасро талаб менамояд.

Новобаста аз баъзе маҳдудиятҳо, айни замон дар Украина тахминан 60 ҳавопаймоҳо ва наздики 100 чархболҳо мавриди соҳибмулкии хусусӣ қарордошта мавҷуданд ва, ҳамчунин, тахминан 50 ширкатҳо фаъолият доранд, ки доир ба фрахт ва харидани бизнес-ҷетҳо хизмат мерасонанд. Аммо, ин он маъноеро надорад, ки ҳамаи онҳо бо шартҳои фоидабахш ва софдилона кор мекунанд.

Сифати осмонӣ

Брокери байналмилалии Aviav TM (Cofrance SARL), дорои таҷрибаи бисёрсола дар қаламрави Украина, ҷиҳати интихоб кардани пешниҳодҳои оптималӣ – киштиҳои ҳавоиро маҳз бо чунин комплектаксия, ки мизоҷ дархост мекунад, бе хароҷоти ғайринақшавӣ ва ҳолатҳои ногувор, кӯмак мерасонад. Aviav TM (Cofrance SARL) дурусткорӣ ва «шаффофияти» созишҳои ҳуқуқиро ҳам дар ин кишвар ва ҳам дар тамоми ҷаҳон кафолат медиҳад.

Хизматрасонии брокери санҷидашуда, инчунин, ҳангоми харидани ҳавопаймои хусусӣ дар Украина зарур мебошанд. Ба шахсе, ки харидани бизнес ҷетро хоҳиш дорад, мушовир ҳатман лозим мешавад, зеро ӯ ҷиҳати интихоб кардани навъи ба талаботҳои харидор ниҳоят муносиббударо кӯмак мерасонад. Пас зарур аст, ки созиши харидро ҳамроҳӣ намуда, шартномаи хизматрасонии техникӣ баста шавад. Ҳамаи онҳо донишҳои муайян ва фаҳмиши ҳатмии хусусиятҳои қонунгузории кишварро талаб мекунанд.

Масъалан, барои нагузаштан аз проседураи дурудароз ва бюрократии бақайдгирии киштии ҳавоии дар хориҷӣ харидашуда, ҳуқуқшиносон маслиҳат медиҳанд, ки он дар кишвари аврупоӣ «дар қайд қарор дошта» истода, дар зери парчами Фаронса ё Малта парвоз кунад. Ин ҳамчунин аз пардохтани андозҳои украинӣ халосшавиро имконият медиҳад, ки онҳо дар аксари вақт аз аврупоӣ баландтар мебошанд. Мисол, аз ҳамон 60 ҳавопаймоҳои хусусӣ дар Украина танҳо даҳтояш дар қаламрави ин кишвар ба қайд гирифта шуданд.

Дар бораи ҳамаи ин нюансҳо дар Aviav TM (Cofrance SARL) хабар доранд ва ҷиҳати фаҳмидани онҳо ба мизоҷони хеш кӯмак мерасонанд.

Дар таги абрҳо бо бароҳатии ниҳоӣ аз Aviav TM (Cofrance SARL) парвоз кунед!